Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Ҳамбурги Германия

Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Германия дар якҷоягӣ бо Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Германия бахшида ба 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар ҷамъомади ҷашнӣ доираҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ, намояндагони парлумони Олмон ва парлумони замини Ҳамбург, намояндаи Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, ҳамватанони муқими Олмон ва гурӯҳи рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Ҷамъомад бо садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвари дӯст оғоз гардида, сипас Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар мавзӯи “Истиқлоият – бузургтарин дастоварди миллат” сухан гуфта, оид ба дастовардҳои давлату миллати тоҷик дар ин давраи таърихӣ маълумот пешниҳод намуд.

Вакили Парлумони Германия Юрген Климке иштирокчиёни ҷашнвораро табрик намуда, дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистонро дар ҳама ҷабҳаҳо назаррас арзёбӣ намуд.

Ба ҳозирин филм-консерт оид ба имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол намоиш дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ҳамзамон дар доираи ин ҷашнвора аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрӣ гӯшаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва расмҳо оид ба Тоҷикистон пешкаши меҳмонон гардид.

АМИТ "Ховар"