Дар шаҳри Берлин шоми фарҳанги тоҷик доир гардид
Опубликовано сб, 15/04/2017 - 10:15 пользователем tvt
13 апрели соли 2017 дар яке аз толорҳои ҳунарии шаҳри Берлин бо ташаббуси якҷояи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон шоми фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.


Имрӯз дар шаҳри Берлини Олмон намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2017» ба кори худ шурӯъ кард. Дар расми ботантанаи ифтитоҳи ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуданд.
Аз 8 то 12 марти соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зери роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита Ризо Назарзода ва ширкатҳои сайёҳии «Ассотсиатсияи Сайёҳии Эко-Фарҳангии Помир», «Боми Ҷаҳон Тур», «Ором саёҳат», «Кўҳандиз», «Саёҳатҳои кўҳии Помир, «Диана ва Т», «Помир Сафарӣ», «Скай Тур», «Морхур», «Тоҷикистон Тревел», «Тоҷик Тур», «Ҷавоҳир», «Ориент Адвентур», «Зарафшон Маҷестик Трэйвел», «Виркан-сайр», «Сари Хосор Тревел»