Душанбе- Чаноқ

Ширкати «IRS»: роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» муваққатан баста шуд

Бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 — уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Дар километри аз 48 то 73- юми роҳи Душанбе- Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ гардид

Нимаи дуюми имрўз бинобар боришоти шадиди барф ва тармафароии зиёд бо мақсади таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе- Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд.