Владимир Путин: «Тоҷикистон - кишвари калидӣ барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ аст»
Опубликовано пн, 27/02/2017 - 20:05 пользователем admin Тавре аз ин пеш хабар додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон    дар Қасри миллат бо Президенти Федератсия Россия Владимир Путин, ки бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқоти хосса анҷом доданд.
Тавре аз ин пеш хабар додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон    дар Қасри миллат бо Президенти Федератсия Россия Владимир Путин, ки бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқоти хосса анҷом доданд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» Владимир Путин зимни мулоқот  нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ кард. «Барои мо мавқеи Тоҷикистон оид ба мушкилоти минтақавӣ бисёр муҳим аст. Дар ин самт ман Тоҷикистонро кишвари калидӣ оид ба таҳкими амният дар минтақа мешуморам»,-гуфт Владимир Путин.

 Тавре ки иттилоъ додем, имрӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.