Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуданд
Опубликовано вт, 28/05/2019 - 19:42 пользователем admin
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом доданд.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Аз 13 то 18 майи соли равон дар машқгоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ миёни ҷузъу томҳои Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.