ДУШАНБЕИ НАВРӮЗӢ. Ба тантанаҳои идонаи пойтахти Тоҷикистон меҳмонон аз бародаршаҳрҳо даъват шудаанд
Опубликовано пн, 18/03/2019 - 13:30 пользователем admin
Чуноне қаблан иттилоъ додем, рӯзҳои 20-24 марти соли равон дар пойтахт Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. Қисмати расмии Форуми мазкур 22 марти соли 2019 дар «Кохи Суруш» доир мегардад.


Калонтарин намунаи Ангораи «Наврӯз-2019» дар саҳни ҳавлии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») насб гардид.
Чуноне қаблан иттилоъ додем, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Иди байналмилалии Наврӯзро 21 март бо баргузории Корвони шодии (карнавали) идона дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт пешвоз хоҳанд гирифт. Алҳол дар ин майдон корҳои ороишӣ идома дошта, масъулин ба омодасозии ҷойҳои нишасти иштирокдорон машғул мебошанд.