Ифтитоҳи Корхонаи «Гидромехсаноат»-и ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» дар шаҳри Норак
Опубликовано ср, 20/03/2019 - 17:59 пользователем admin
Дар минтақаи саноатии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Корхонаи «Гидромехсаноат»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж»-ро мавриди истифода қарор доданд.


20 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ — механикӣ»-и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ, ки начандон дуртар аз Неругоҳи барқи обии “Норак” дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшиданд.