ВМКБ: дар нуқтаи баландтарини Осиёи Марказӣ дидбонгоҳи нави марзӣ ифтитоҳ гардид
Опубликовано пт, 07/09/2018 - 11:52 пользователем admin
Сарҳадбонони дидбонгоҳи Харгушӣ, ки дар мавзеи дурдасти ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст, соҳиби бинои замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири хизмати низомӣ гардиданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ бо ҳузури Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров дидбонгоҳи мазкур расман ба фаъолият оғоз кард.


Дар доираи татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офати табиӣ баргузор шуд.