Таъмири 63 км роҳи мошингарди Ховалинг-Шугнов оғоз шуд

Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири 63 километр роҳи Ховалинг-Шугнов оғоз гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Ховалинг дар қатори бунёди дигар иншооти маданию маишӣ  таъмиру барқарорсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Роҳи мошингарде, ки маркази ноҳияи Ховалингро бо ҷамоъати деҳоти Шугнов мепайвандад солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт. Роҳбарияти ноҳия сохтмони роҳи мазкурро ба нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намуда, барои тахту ҳамвор ва сангфаршкунии роҳ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб гардиданд. Айни замон дар мавзеҳои душворгузари роҳ корҳои барқарорсозӣ ва тахту ҳамворкунии роҳ оғоз гардидааст.

Тавре соҳибкор Муҳиддин Қосимов иттилоъ дод, дар корҳои сохтмонӣ техникаҳои сокинони ҷамоъати деҳот ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб карда шудаанд. Мавзеи аз ҳама душвори роҳ ағбаи Тиюн мебошад, ки 18 километрро ташкил дода баландии он аз сатҳи ҳамворӣ беш аз ҳазор метрро  дар бар гирифта,  ҳамасола бар асари боришот валангор мегардад. Муҳандисони роҳсоз ба гардиш ва ҷойҳои ярчфарою хатарзои роҳ аҳамияти махсус дода, дар он мавзеъҳо корҳои сохтмониро ба таври зарурӣ ба роҳ мондаанд. Сангу шағалро аз дарёи Ёхсу, ки дар шафати роҳ мебошад кашонида, ба воситаи техникаю механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамвор менамоянд.

«Роҳсозӣ дар шароити кӯҳистон душвор мебошад ва ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ барои муваффақ шудан  қоидаҳои роҳсозиро мебояд қатъиян риоя кард. Дар оянда мумфаршкунии роҳ низ ба нақша гирифта шудааст», — мегӯянд мутахассисони соҳа

Раиси ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иброз дошт, ки роҳбарияти ҷамоат ва соҳибкорон мақсад доранд, ки роҳи мавзеи ағбаи Тиюнро давоми се рӯзи дигар сангфарш намоянд ва баъдан дар қитъаҳои ҳамвори роҳ онро идома диҳанд. Сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Шугнов дастаҷамъона дар ин кори хайр ба соҳибкорон кӯмак расонида истодаанд. Баъди анҷоми санфаршкунӣ сокинон бо  мошинҳо сабукрав метавонанд ба маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти Шугнов озодона ҳаракат намоянд ва нархи роҳкиро низ ба маротиб поин фароварда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: