Ташрифи раиси палатаи вакилони Парлумони Чехия ба Душанбе

Имрӯз Ян Ҳамачек, раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Душанбе омадааст.
Гуфта мешавад, дар  «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» меҳмони олиқадрро Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтаанд.
Интизор меравад, ки Ян Ҳамачек- Раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия дар доираи сафари расмӣ имрӯз бо роҳбарияти баландпояи Тоҷикистон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масоили таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехия ва дурнамои тавсеаи равобити парлумонии байни ду кишварро матраҳ намояд.
Ян Ҳамачек дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чехия иштирок менамояд. Ҳадафи сафари расмии раиси палатаи вакилони Парлумони Чехия ба Тоҷикистон тавсеаи равобити парлумонӣ байни ду кишвар арзёбӣ мегардад.

Tags: