Рустами Эмомалӣ дар Душанбе ба бунёди «Қасри Бахт» замина гузошт
Опубликовано чт, 12/04/2018 - 11:45 пользователем tvt
11 апрел Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба сохтмони Кохи ақди никоҳ — «Қасри Бахт» оғози расмӣ бахшида, дар шаҳраки 43-юми ноҳияи Фирдавсӣ иншооти наву муосири варзишӣ ва фарҳангию фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.


Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба чорабиниҳои сатҳи баланд -нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарони саммити раисони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон дар Душанбе доир мегарданд, омодагии ҷиддӣ мебинад.
Имрӯз дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахт бо иштироки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа чор майдони хурди замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифт.