Дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад
Опубликовано чт, 02/11/2017 - 10:31 пользователем tvt5 ноябри соли 2017, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад. Муссобиқа ба ҷашни 23 –юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт ва ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ бахшида шудааст.


Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади шинос шудан бо корҳои бунёдкорию навсозӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон» ва гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт аз ин мавзеъҳо дидан намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон, бо мақсади дастгирию ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон – хонандагону донишҷўёни фаъол, аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмуни такрорӣ эълон менамояд.