Беш аз 220 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд
Опубликовано пн, 17/08/2020 - 12:57 пользователем adminДирӯз дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 221 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.