Сироҷиддин Муҳриддин ва Андрей Руденко масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Россияро баррасӣ карданд
Опубликовано пт, 14/08/2020 - 09:46 пользователем adminДирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденкоро, ки дар Душанбе бо ҳайати ҳукуматии Россия қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.