Пешвои миллат: «Маҷмаа беҳтарин туҳфа барои ҷавонон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад»
Опубликовано вт, 21/07/2020 - 12:13 пользователем adminҚасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ намудем, яке аз бузургтарин маҷмааҳои варзишии мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҷмааи имрӯза беҳтарин туҳфа барои ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ҷараёни бунёди ин маҷмаа беш аз 300 нафар сокинони пойтахт ба корҳои сохтмону васлгарӣ ҷалб гардидаанд ва тавре мебинем, корҳои сохтмон бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.