Хабар

ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 евро – 11.7275 сомонӣ муқаррар шудааст

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 10.3099 сомонӣ;

1 евро – 11.7275 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1443 сомониро ташкил медиҳад.

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Прокурори генералӣ: «Зиёда аз 600 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин бекор гардид»

Дар шаш моҳи аввали соли равон 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз гардида, нафарони қонуншикан ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин бора Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Страницы