Хабар

Имрӯз дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳо барои довталабон дар соли 2020 оғоз гардид

Имрӯз дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳо барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ — синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум табиӣ ва техникиро интихоб кардаанд, имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А оғоз гардид.

Беш аз 640 шаҳрванди Тоҷикистон аз Россия ба Ватан оварда шуданд

Дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 то 30 июн 642 шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳрҳои Россия ба Ватан оварда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи моли калони шохдор пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи моли калони шохдори ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Страницы