Табибони Чин ба тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар вилояти Хатлон баҳои баланд доданд
Опубликовано ср, 27/05/2020 - 17:39 пользователем adminНамояндаи ҳайати табибони чинӣ Ҷӣ Венкуй иброз кард, ки мутахассисони чинӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудаанд, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.
Тавре қаблан хабар додем, ҳайати 14-нафараи мутахассисони соҳаи тиб аз музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин айни замон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон қарор дорад.