Беш аз 9000 корманди корхонаву муассисаҳо дар Ёвон дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуданд
Опубликовано вт, 03/10/2023 - 15:28 пользователем tvtДар ноҳияи Ёвон оид ба сари вақт беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ҳашар ташкил шуд, ки дар он беш аз 9000 нафар кормандони корхонаву муассисаҳо ба саҳро баромада, зиёда аз 460 тонна “тиллои сафед” ҷамъ оварданд.
Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза қариб панҷ ҳазор пахтачину ҳашарчӣ ба майдон баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кумак мерасонанд.