Хабар

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: аз сафарҳои нозарур ба маҳалҳои хатарнок худдорӣ намоед

22 январ дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳо боридани  борон ва барф дар назар аст.

ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Дар баъзе кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад

Аз соати 23:00 –и   21 январ  то соати 24:00-и  22 январи соли  равон, яъне ба муҳлати як шабонарӯз  интиқоли  оби  нӯшокӣ  дар кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулови  ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин, Теҳрони  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри  Душанбе қатъ мегардад.

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Страницы