Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ гардид
Опубликовано пн, 02/12/2019 - 13:59 пользователем adminВарзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 30 ноябр то 1 декабр дар Гонг Конг бо иштироки 163 нафар варзишгарон (96 мард, 67 зан) аз 30 давлат баргузор гардид.