Хабар

Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии ИДМ баргузор гардид

21-22 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати   вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён баргузор гардид.

Занони тоҷик дар ҷомеа ҳамчун неруи созанда муаррифӣ мешаванд

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Занон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа» маҳфили маърифатию тарбиявӣ баргузор гардид. Дар он  бонувони фаъоли ҷумҳурӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар шаҳри Кӯлоб 12 коргоҳи истеҳсолӣ бо фарогирии 120 ҷойи кор таъсис дода шуд

Дар 10 моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб 12 коргоҳи хурд ва як корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли макарон, пахтатозакунӣ, сехи кӯрпадӯзӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, сангреза, истеҳсоли хишти сементӣ, мебел ва корхонаи хурди дару тирезаҳои пластикӣ, дар маҷмӯъ бо фарогирии 120 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.

Страницы