Хабар

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Муғулистон эътимоднома супорид

7 ноябр дар шаҳри Улан – Батор Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Хайрулло Ибодзода эътимодномаи хуро ба Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга супорид.

Хонандагони вилояти Суғд соҳиби Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ гардиданд

Аз  25 октябр то 3 ноябр дар шаҳри  Анталияи Ҷумҳурии Туркия бо ширкати 1000 нафар хонандагон аз 14 давлати  ҷаҳон аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, география ва математика олимпиадаи байналмилалӣ доир гардид. Дар он хонандагони тоҷик аз фанни биология соҳиби Ҷоми олимпиада гардиданд.

Страницы