Хабар

Дар Вашингтон ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳокима гардид

Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка масъалаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Душанбе вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистонро баррасӣ намуданд

28-29 октябр дар Душанбе ҷаласаи 30-юми Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Душанбе машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Россия баргузор мегардад

30-31 октябр дар доираи ҳамкорӣ байни дастгоҳҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои солҳои 2019-2020 дар Душанбе  машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти ду давлат баргузор мегардад.

Страницы