Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд
Опубликовано вт, 22/10/2019 - 14:14 пользователем admin22 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гурӯҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ-иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд.