Хабар

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз, 14 сентябр, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар Душанбе Форуми роҳбарони ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Форуми роҳбарони ҷавонони Осиёи Марказӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

 Мақсад аз баргузории форум мубодилаи масъалаҳои ҷавонон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон дар сатҳи минтақавӣ ва таъмин намудани воситаҳои мубодилаи байналмиллалӣ барои ҳамкории доимӣ мебошад.

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон омад Сентябрь 14, 2023 10:55

Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард,  хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Страницы