Хабар

Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид

Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашнии ин чорабиниро интихоб карданд.

Намояндагони TV «Fly Brother» ба журналистони бахши сайёҳии Тоҷикистон ҷиҳати инъикоси имкониятҳои сайёҳӣ дарси маҳорат омӯхтанд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи ВАО Тоҷикистон  ҷиҳати тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва инъикоси имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ барои кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва нашрияҳо дарси маҳорат баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои ҳамкорӣ, ҷараёни татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада ва дигар мавзуъҳои робитаҳои ду кишвар баррасӣ гардид.

Страницы