Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Опубликовано чт, 10/10/2019 - 14:42 пользователем admin10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои бунёди меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ оғоз бахшиданд.
Меҳмонхонаи замонавӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд карда мешавад.