Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182-ро дар деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

Пас аз шиносоӣ бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии аҳли заҳмати ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182-ро, ки дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти Чортеппаи ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд.

Аҳли заҳмати 16 шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Сокинони шарафманду сарфарози ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Страницы