Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд

Дар ноҳияи Данғара баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри тозабунёди фарҳанг бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми инсонпарвар ва меҳмоннавози Данғара барои истиқболи гарму самимӣ ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи Касри фарҳанг дар ноҳияи Данғара

12.09.2019, ноҳияи Данғара

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти имрӯзаи мо дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 28 — солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон, ки се рӯз пеш дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз истиқлолу пойдории сулҳу субот таҷлил гардид, баргузор шуда истодааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.

Қасри фарҳанги ноҳия аз зумраи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар як мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.

Страницы