Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Прокуратураи ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд
Опубликовано вт, 10/09/2019 - 09:33 пользователем admin10 сентябр дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминобод бинои наву замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шудаанд.