МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ. Ду нафар кормандони муассисаи зертобеи Вазорати кишоварзӣ бо ҷурми сохтакории ҳуҷҷатҳо дастгир гардиданд
Опубликовано чт, 15/08/2019 - 14:24 пользователем adminДу нафар кормандони муассисаи зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сохтакории ҳуҷҷат ва азхудкунии маблағҳо гунаҳгор дониста мешаванд, дастгир гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.