Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд
Опубликовано чт, 08/08/2019 - 09:24 пользователем adminСубҳи имрӯз соати 05:46 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод.
Тавре президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, маркази заминҷунбӣ дар вилояти Тахори Афғонистон ҷойгир буда, он дар километри 259-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе ба қайд гирифта шуд.