Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд
Опубликовано вт, 06/08/2019 - 08:46 пользователем adminАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони ин минтақаи дурдаст тақдим намуданд.