Хабар

Аҳолии шаҳри Хоруғ пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд

Дар маҳаллаи «Дашти Боло»-и шаҳри Хоруғ маросими ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғивдара то маҳаллаи Хичордев баргузор  гардид. Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, шарикони рушд ва сокинон ширкат намуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳоро роҳандозӣ намуд

Бонки миллии Тоҷикистон «Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо»- ро роҳандозӣ намуд. Низоми мазкур дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ  дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» ба ивази низоми амалкунандаи пардохтҳои байнибонкӣ ҷорӣ гардид.

Страницы