Зиёда аз 46 ҳазор довталаб Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро интихоб кардаанд
Опубликовано сб, 20/07/2019 - 09:06 пользователем adminИмсол тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 ҳазору 568 нафар довталаб донишгоҳро интихоб намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазору 268 нафар зиёд мебошад. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) Шукрулло Хайрзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ, ки дар донишгоҳ баргузор шуд, иброз дошт.