Хабар

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд

Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон зимни гузаронидани 156 санҷиши аудиторӣ дар   вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори  давлатӣ,  марказ ва гурӯҳҳои  татбиқи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар  муассисаҳои буҷетӣ  беш аз 88 миллион сомонӣ  зарари молиявиро муайян намуданд.

Варзишгардухтари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Корея соҳиби медали тилло шуд

Муниса Ойматова, таэквондочии ҷавони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кумингёнг (G-1) ба гирифтани медали тилло даст ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо иқдоми ширкати «Сомон Эйр» Маркази таълимии авиатсионӣ таъсис ёфт

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун Маркази таълимии авиатсионӣ (МТА) таъсис дод. МТА дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷойгир шуда, кушодашавии он аз рушди фаъоли интиқолдиҳанда ва ҳавасмандии ширкати ҳавопаймоӣ ба омодасозии ҳайати кормандон ва таъмини бехатарии парво

Страницы