Хабар

Аз оғози сол ба фонди Осорхонаи таърихии Суғд 193 адад ашёи дорои аҳамияти таърихӣ ворид гардиданд

Яке аз ашёи таърихие, ки аз оғози соли равон ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ворид гардидааст, ин нусхаи китоби хаттии қадимӣ бо забони форсӣ мебошад, ки таърихи зиёда аз 500-сола дорад. Китоби мазкур бо хатти настаълиқ таҳия гардида, “Маориҷу-н-нубуват” ном дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди «Себистон-Гулафшон»-ро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди «Себистон-Гулафшон»-ро ифтитоҳ карданд.

Роҳи мазкур дар доираи дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва мардуми ноҳияи Данғара ба тариқи ҳашар бунёд гардид.

Страницы