Паҳлавонони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё-2019 иштирок мекунанд
Опубликовано ср, 03/07/2019 - 19:06 пользователем adminАз 4 то 7 июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасон баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.