Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро ифтитоҳ намуданд
Опубликовано пн, 24/06/2019 - 10:48 пользователем adminАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор доданд.
Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 540 метри мураббаъ дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст.