Хабар

Ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президентро ҷонибдорӣ намуданд

Беш аз бист масъалаи муҳими фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ  ва иҷтимоию фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати  панҷум,  ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид,  мавриди баррасии аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон қарор гирифт.

Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин: «Тоҷикистон дар мусоидат ба рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё саҳми назаррас гузошт ва мегузорад»

«Тоҷикистон раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро /МҲТБО/ ба зимма гирифта, дар мусоидат ба рушди он саҳми назаррас гузошт ва мегузорад», — омадааст дар мақолаи муаллифии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки имрӯз дар АМИТ «Ховар» бо забонҳои русӣ ва англисӣ интишор гардид.

Страницы