Хабар

Суғд: озмуни «Олими сол-2018» ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд

Олими сол-2018Дар Муассисаи давлатии таълимиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни «Олими сол-2018» дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ҷамъбаст  ва ғолибони он  муайян  гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи мазкур хабар доданд.

ҒАЛАБА МУБОРАК! Дилшод Назаров қаҳрамони Осиё шуд

Дилшод НазаровВарзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид  ба  варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони қаҳрамониро соҳиб гардид.

Боришоти борон дар Душанбе сабаби расишҳои кӯтоҳи барқӣ гардид

Вазорати корҳои дохилӣДирӯз, тахминан соати 21:00-дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар натиҷаи боришоти зиёди борон яке аз чоҳҳои амудӣ (калодетс) пур аз об шуда,  ба ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд об расида, расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба  амал   омад, ки он сабаби ба вуқӯъ пайвастани  садамаи хурд  гардид.

Страницы