Хабар

Дар Душанбе ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик тантанаи ҷашнӣ доир гардид

2 август   ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик чорабиниҳои ҷашнӣ доир гардида, барои пос доштани хотираи неки хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд дар назди лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузошта шуд.

Шуруъ аз имрӯз ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасонии музднок дар Тоҷикистон манъ мегардад

Шуруъ аз имрӯз, 1 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»  пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи

ФУТБОЛ. Ҷуфтҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 муайян шуданд

Бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбол баргузор шуда, дар натиҷа ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ муайян гардиданд.

 Дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 дастаҳои «Истиқлол» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Эсхата», «Моҳир» – «Хатлон» ва «Ҳосилот» – «Равшан» бозӣ мекунанд.

Бозиҳои даври чорякниҳоӣ 26 ва 27 август баргузор мешаванд.

Страницы