Оғози корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ дар ноҳияи Панҷ
Опубликовано ср, 02/11/2022 - 10:10 пользователем admin1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии давлату Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.