Хабар

ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ ба миқдори як шабонарӯз қатъ мегардад

ТВТ.17.10.2022.  19 октябр, аз соати 23:00 то соати 24:00-и 20 октябри соли 2022 дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир ба моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим бо мардум вохӯриҳо доир мешаванд

ТВТ. 17.10.2022. Аз 14 то 22 октябр  мутобиқи бандҳои 283 ва 284 дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон  вакилон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд.

Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти АМИТ: Муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастҷамъона дошта бошад

ТВТ. 17.10.2022. 18-19 октябр дар Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» доир мегардад.

Страницы