Хабар

Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯзҳо инсоният дар мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихи худ қарор дорад»

ТВТ.03.09.2022. Бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли нави хониш барои мо – мардуми Тоҷикистон сабаб ва аҳаммияти махсус дорад. Чунин таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Истиқлолияти давлатӣ - неъмати бебаҳо


Ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузашти марҳилаҳои давр бо назардошти афзун гардидани маҳву аз миёнрабоии фарҳангу тамаддунҳо дар равиши як даҳаи охир, масоили арзишҳои ҳастӣ ва мавҷудияти буду боши қисме аз кишварҳои оламро зери шубҳаву ногузир гузошта, фаъолияташонро дар масири таърих гаронтару мушкилтар менамояд. Зеро гузашти равишҳои башарӣ аз давраҳои дури дур то ба ин замонҳо собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ, бидуни соҳибистиқлолии комил моҳияти устувору арзишҳои бунёдӣ надорад.

Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пахши моҳворавӣ пайваст гардид

Шурӯъ аз 1 сентябри соли равон телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвораи «YAHSAT» дар ҳаҷми 16 соат пахш мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори телевизиони мазкур Умед Шарифзод.

Страницы