Бақайдгирии довталабон ба коллеҷҳо аз моҳи июн оғоз мегардад
Опубликовано ср, 01/03/2017 - 10:38 пользователем tvt
Ба диққати алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 расонида мешавад, ки қабули донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) дар соли равон тавассути низоми имтиҳонҳои мазкур ба роҳ монда намешавад.


Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд.