Дар се рӯзи охир дар ҷумҳурӣ лағзиши беш аз 80 тарма ба қайд гирифта шуд
Опубликовано пн, 20/02/2017 - 12:41 пользователем tvt
17, 18 ва 19 феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаҳои калон ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти аҳолии маҳаллӣ, чунин боришоти зиёд ва тармафароӣ тайи 20-30 соли охир рух надода буд.


Лағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.