Нуридин Давронов ба “Истиқлол” баргашт
Опубликовано чт, 09/02/2017 - 10:48 пользователем sanjar
Футболбози маъруфи тоҷик ва капитани дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Нуриддин Давронов, ки тобистони соли гузашта ба тими «Дунав»-и Булғория гузашта буд, аз нав ба ҳайати чемпиони мамлакат- «Истиқлол» пайваст.


Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дирӯз бо баргузории ҷаласаи худ шумораи иштирокдорони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард. Дар мавсими соли 2017 ҳашт даста дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Панҷ созмони ҳунармандии Тоҷикистон- Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, бахши ҳунармандии Иттиҳоди сайёҳии водии Зарафшон мавсум ба «Армуғон» ва ширкатҳои «Помир Ҷевелз», «СОХСА/Озара» ва «Рухом» дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ «Ambiente», ки аз 10 то 14 феврал дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, кишвари моро муаррифӣ менамоянд.