Хабар

Ба 96 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюб кумакпулӣ дода мешавад

Расонидани кумакпулии яквақтаина ба 96 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар пленуми чоруми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар кори пленум беш аз 40 нафар аъзои раёсати он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои манотиқи кишвар иштирок ва як зумра масъалаҳоро баррасӣ намуданд.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардид

Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиш ба муносибати аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бо иштироки аҳли ҷамоати ноҳия баргузор гардид.

Имрӯз боридани барфу борон дар назар аст

Имрӯз, 1 феврал дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Туман мефарояд. Эҳтимолияти боридани барфу борон вуҷуд дорад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 11 то 13 дараҷа гарм мешавад.

Страницы